Tarım ve Gıda Gazetesi

SON DAKİKA

15:37 - US-SEN Genel Başkanı Bekir Ayaz’dan Kuzey Makedonya Emniyet Müdürü’ne Ziyaret

14:49 - «Молодая Гвардия Единой России» передала военным и врачам в новых регионах более 15 тонн гуманитарной помощи

12:24 - Alexander Kozlov: “Konut ve Kamu Hizmetleri Okulu” parti projesi, konut ve kamu hizmetleri sektöründe VARMSU ile iş birliğini genişletecek

10:47 - Birleşik Rusya, “Zemsky Postacısı” Tüm Rusya yarışmasını düzenleyecek

08:21 - «Единая Россия» проведёт Всероссийский конкурс «Земский почтальон»

23:29 - MURAT ÇOBANOĞLU`NDAN 12 MART İSTİKLÂL MARŞININ KABULÜ VE MEHMET AKİF ERSOY’U ANMA GÜNÜ MESAJI

21:52 - رسالة من رئيس مجلس إدارة شركة أسفا القابضة أساف أتاسوي بشأن الموافقة على النشيد الوطني ليوم 12 مارس ويوم ذكرى محمد عاكف أرسوي

21:05 - MESSAGE FROM ASFA HOLDING CHAIRMAN OF THE BOARD OF DIRECTORS ASAF ATASOY ON THE APPROVAL OF THE MARCH 12 NATIONAL ANTHEM AND MEHMET AKIF ERSOY MEMORIAL DAY

20:15 - TÜRK MİLLİ KUVVETLER VAKFI GENEL BAŞKANI DR. FATİH ŞİMGA`DAN 12 MART İSTİKLÂL MARŞININ KABULÜ VE MEHMET AKİF ERSOY’U ANMA GÜNÜ MESAJI

20:15 - ASFA HOLDİNG YÖNETİM KURULU BAŞKANI ASAF ATASOY `DAN 12 MART İSTİKLÂL MARŞININ KABULÜ VE MEHMET AKİF ERSOY’U ANMA GÜNÜ MESAJI

Оғози фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод

01 Nisan 2023 |
Оғози фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

 

Оғози фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод

.2023 , ноҳияи Зафаробод

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.

Ба ҳавзҳои моҳипарварӣ аввалин моҳичаҳо партофта шуданд.

Хоҷагиҳои кооперативҳои тиҷоратии “Саховати Куруш” ва “Мир Темур” бо истифода аз мавзеи мутобиқ дар соҳили дарёи Сир ба таъсиси ҳавзҳои моҳипарварӣ иқдом намуданд.

 

 

 

 

 

Тибқи лоиҳа таҷҳизоти ҳавзҳо истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, бо усули шинокунанда сохта шудаанд, яъне бо пасту баланд шудани сатҳи об ин ҳавзҳо барои ҳаёти физиологии моҳӣ мусоидат мекунанд.

Шумораи ҳавзҳои моҳипарварӣ 10 адад буда, ба андозаи ҳар яке 5 метр ба 2,5 метр дар канали обрасонии “Фарҳод” насб карда шудаанд.

Дар марҳилаи аввал дар ин ҳавзҳо 20 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад ва тибқи нақшаи тиҷоратии соҳибкорон минбаъд навъу намуд ва миқдори моҳӣ зиёд карда мешавад.

Ин нахустин хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод буда, Сарвари давлат ба хоҷагидорону соҳибкорон дастуру маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароити мусоиди соҳили Сирдарё ва минтақаҳои шафати иншооти ирригатсионии ноҳия ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил намоянд.

Хоҷагидорону соҳибкорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои муқарраргардида ба таъсиси хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ҳавасманданд.

Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таъсиси хоҷагиҳо ва бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ асос гузоштаанд.

Тайи солҳои охир дар вилоят моҳипарварӣ рушд ёфта, то ин давра 33 хоҷагии моҳипарварӣ бо 43222 гектар масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ амал мекунанд.

Истеҳсоли гушти моҳӣ давра ба давра зиёд гардида, дар соли 2022 дар вилоят 894 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Таъсису ташкили чунин хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ба рушди соҳа, афзоиш додани моҳии саноатӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ мусоидат менамояд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30380?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.

İLGİLİ HABERLER
POPÜLER HABERLER
SON DAKİKA HABERLERİ