Tarım ve Gıda Gazetesi

SON DAKİKA

15:37 - US-SEN Genel Başkanı Bekir Ayaz’dan Kuzey Makedonya Emniyet Müdürü’ne Ziyaret

14:49 - «Молодая Гвардия Единой России» передала военным и врачам в новых регионах более 15 тонн гуманитарной помощи

12:24 - Alexander Kozlov: “Konut ve Kamu Hizmetleri Okulu” parti projesi, konut ve kamu hizmetleri sektöründe VARMSU ile iş birliğini genişletecek

10:47 - Birleşik Rusya, “Zemsky Postacısı” Tüm Rusya yarışmasını düzenleyecek

08:21 - «Единая Россия» проведёт Всероссийский конкурс «Земский почтальон»

23:29 - MURAT ÇOBANOĞLU`NDAN 12 MART İSTİKLÂL MARŞININ KABULÜ VE MEHMET AKİF ERSOY’U ANMA GÜNÜ MESAJI

21:52 - رسالة من رئيس مجلس إدارة شركة أسفا القابضة أساف أتاسوي بشأن الموافقة على النشيد الوطني ليوم 12 مارس ويوم ذكرى محمد عاكف أرسوي

21:05 - MESSAGE FROM ASFA HOLDING CHAIRMAN OF THE BOARD OF DIRECTORS ASAF ATASOY ON THE APPROVAL OF THE MARCH 12 NATIONAL ANTHEM AND MEHMET AKIF ERSOY MEMORIAL DAY

20:15 - TÜRK MİLLİ KUVVETLER VAKFI GENEL BAŞKANI DR. FATİH ŞİMGA`DAN 12 MART İSTİKLÂL MARŞININ KABULÜ VE MEHMET AKİF ERSOY’U ANMA GÜNÜ MESAJI

20:15 - ASFA HOLDİNG YÖNETİM KURULU BAŞKANI ASAF ATASOY `DAN 12 MART İSTİKLÂL MARŞININ KABULÜ VE MEHMET AKİF ERSOY’U ANMA GÜNÜ MESAJI

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода

27 Mayıs 2023 |
Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода

 

 

 

Ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода

.2023 , шаҳри Турсунзода

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Боргоҳи илму маърифат бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Коллеҷ дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, ҳар яки он дорои мизу курсӣ, тахтаи электронӣ ва дигар аёниятҳои хониш мебошад.

Бо ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” 20 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Таълимгоҳ дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводҳои дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар коллеҷи мазкур барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии коллеҷ 12 садяк заминро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави соҳаи маориф бо саҳми соҳибкори ватанӣ Тимур Гусейнов соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 20 нафар бинокори маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидааст.

 

 

 

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар коллеҷи нави хусусӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф намуна арзёбӣ карданд.

Дар муассисаи нави таълимӣ тарбияи мутахассисон мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир ба роҳ монда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” мутахассисони донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва компютериро дар сатҳи баланд тайёр менамояд.

Синфхонаи компютерии муассисаи нави таълимӣ бо технологияи муосир ва пайваст ба шабакаи интернет муҷаҳҳаз мебошад.

Китобхонаи замонавии коллеҷ бошад, бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои донишҷӯён шароити лозимӣ таъмин гардидааст. Донишҷӯён имкон доранд, ки аз ин боргоҳи илму маърифат босамар истифода намуда, савияи донишу малакаи хешро сайқал диҳад.

Дар коллеҷи мазкур бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” – солҳои 2020-2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.

Ҳамаи ин тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбияи донишҷӯён равона карда шудааст.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30729?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.

İLGİLİ HABERLER
POPÜLER HABERLER
SON DAKİKA HABERLERİ